МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ВУСЪАТ МЕЁБАНД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 22 январ зимни мулоқоташ бо хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Пекин изҳор намуд, ки соли 2008 мустаҳкамӣ ва бештар ривоҷ ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Чинро бори дигар нишон дод. Вай зикр намуд, ки воқеаҳои асосии соли гузашта сафари давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон ва сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин мебошанд. Ин сафарҳо самтҳои нави густариши муносибатҳои дуҷонибаро муайян намуданд. Қайд карда шуд, ки соли 2008 дар байни Тоҷикистону Чин 17 ҳуҷҷати байниҳукуматию байниидоравӣ ба имзо расид. То аввали моҳи январи соли 2009 дар байни ҳар ду мамлакат 118 ҳуҷҷат имзо карда шуд. Дар давоми даҳ моҳи соли гузашта маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат 978 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд аст. Ба қавли сафир, соли гузашта дар хати сарҳади давлатии ҳар ду кишвар насб кардани сутунчаи марзӣ аз ҷумлаи воқеаҳоест, ки таҳкими бовариро ба ҳамдигар нишон медиҳад. Моҳи августи соли гузашта дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Чин баргузор гардиданд. Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ин мамлакат ду баробар афзуд. Қайд карда шуд, ки рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ба мамлакатҳои ҳамдигар торафт бештар мегардад. Аз рӯи маълумоти ширкати давлатии ҳавонавардии «Тоҷик Эйр», соли 2008 ба воситаи ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин 28 288 ва аз Чин ба Тоҷикистон 29 650 мусофир кашонда шудааст. Сафир хабар дод, ки консулхонаи сафорати Тоҷикистон дар Чин соли 2008 ба 7902 нафар раводиди сафар додааст.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






