МУСОДИРАИ ЗИЁДА АЗ 2 ТОННАВУ 690 КИЛОГРАММ МОДДАҲОИ НАШЪАОВАР

Январь 27, 2009 17:11

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар соли 2008-ум аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 580 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шудааст. Аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 690 килограмму 237 грамм моддаҳои нашъаовар аз ҷумла, 820 килограмму 85 грамм героин, 432 килограмму 622 грамм афюн ва ҳашиш ва 1 тоннаву 437 килограмм маводҳои гурӯҳи бангдона мусодира карда шудааст. Дар ин бора зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикстон Маҳмадназар Солеҳов.                   Дар ҷумҳурӣ соли 2008 аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 6 тонна маводҳои нашъадор мусодира гардид, ки қисми зиёди он 3 тоннаю 381 килограммро маводҳои гурӯҳи афъюн (1 тоннаю 636 кг героин ва 1 тоннаю 745 кг афъюн), қариб 2 тоннаю 700 килограмм маводҳои нашъадори гурӯҳи каннабис ва 173 килограмм прекурсорҳо, ки ҳангоми таёр намудани героин истифода мешаванд, ташкил медиҳад.                   Аз аҳолӣ 1210 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 323 адад автомат, пулемёт, гранатамётҳо, 176 адад таппонча, 184 адад камонҳо ва карабин, 451 адад яроқҳои суфтамил ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Шумораи ин яроқҳо аз 2 декабри соли 1994 то ин ҷониб 30 ҳазору 770 ададро ташкил медиҳад.  

Январь 27, 2009 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд