МУТАХАССИС БЕ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ, НАФАҚА ТАЪИН КАРД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Мутахассиси Шӯъбаи таъминоти иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Фирӯз Давлатмуродов аз ваколатҳои хизматӣ суистифода намуда, ба шаҳрванд Максудов Асалбек бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, нафақа таъин намудааст. Дар ҷинояти мазкур сармутахасиси (бахши АДСИ) ҳамин шӯъба Ҷӯрахон Одилхонов ва роҳбари коперативи истеҳсолии «Мадина-Т» Тӯрахон Исуфалиев низ даст доранд. Номбурдагон аз ваколатҳои хизматиашон истифода намуда, мӯҳри коперативи истеҳсолии ба номи О. Ҳошимовро ба дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд А. Мақсудов гузоштаанд, ки гуё ӯ аз соли 2006 то 6 феврали соли 2008 дар корхонаи коперативии мазкур кор карда бошад, аммо коперативи истеҳсолии ба номи О. Ҳошимов дар солҳои 2006-2007 тамоман фаъолият накардааст. Маблағи музди меҳнат барои 2-сол дар ҳаҷми 8400 сомонӣ аз кооперативи истеҳсолии «Мадина-Т» хароҷот карда шудааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ф. Давлатмуродов, Ҷ. Одилхонов, Т. Исуфалиев тибқи моддаҳои 295, 314, 323 ва 340-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи бахши тафтишотии Шӯъбаи дар минтақаи Кулоббудаи Агентӣ тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






