НАҚЛИЁТИ ТАКСОМОТОРӢ РАҚОБАТ КАРДА НАТАВОНИСТ

Январь 29, 2009 10:36

                  Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар давоми соли 2008 ҳаҷми мусофиркашонии нақлиёти таксомотории сабукрав хеле камшуд ва он дар амал ба нақлиёти шахсӣ рақобат карда натавонист. Ҳангоми тадқиқоти журналистӣ, роҳбарону мутахассисони муассиса аз шарҳи он худдорӣ карданд.                 Ҳаҷми мусофиркашонӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2008 253,4 ҳазор нафар мусофирро ташкил дод.Бо нақлиёти таксомотории истифодаи умуми шаҳри Душанбе 92,9 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ҳамагӣ 8, 5 фоизро ташкил дод. Аз моҳи феврали соли 2008 нақлиёти таксомотории истифодаи умум дар шаҳри Душанбе фаъолият надорад.                Бо нақлиёти таксомотории шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 160,5 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст.

Январь 29, 2009 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар