НАҚШАҲОИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

Январь 29, 2009 15:52

                   Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Масъалаҳое, ки Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта буд, дар даҳрӯзаи охир мавриди омӯзиш ва баррасии кормандон ва мутахассисони Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дода шуд.                    Бо ин мақсад вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо роҳбарони мауссисаҳои соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва ташкилотҳои илмӣ мулоқотҳоро анҷом дод.                   Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Гулмаҳмад Давлатов иттилоъ дод, дар ҷараёни ин мулоқотҳо масоили ҳалталаби соҳа, роҳҳои иҷрои онҳо, аз ҷумла чопи силсилаи китобҳо, омода намудани намоишҳо ва гӯшаҳо бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам, санҷиши омодагии театрҳо ва иштироки онҳо дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту» ва як қатор тадбирҳо доир ба таҷлили 20- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Январь 29, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид