НАҚШАИ БУҶЕТИ ШАҲР ДУ БАРОБАР ИҶРО ШУД

Январь 14, 2009 14:06

          Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар»иттилоъ доданд, ки дар ду соли охир аз нигоҳи афзоиши ҳаҷми мутлақи ҷамъоварии андозҳо дар фаъолияти мақомоти андози шаҳр дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Мақомоти андози шаҳр ҳамасола нақшаи буҷети давлатиро барзиёд иҷро менамояд.         Дар соли 2008 нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр яку якбора нисбат ба соли 2007 2,6 баробар зиёд шуда, ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ ба буҷети шаҳр 17 млн. 218 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2007  -7млн. 559 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2008 ҷамъи даромадҳои андози маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ 25 млн. 668 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он баробари 102 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар назар аст, ки соли 2009 танҳо даромади андози маҳаллӣ ба 25 млн. сомонӣ расонида мешавад.

Январь 14, 2009 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад