НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ ТАРТИБ ДОДА
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Директори Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки то имрӯз нақшаҳои генералии 15 шаҳру ноҳияи мамлакат тасдиқ карда шуд. Ба қавли ӯ, нақшаҳои генералии ноҳияҳои Ваҳдат, Кӯлоб ва Ҳисор тасдиқ карда шудаанд ва нақшаҳои генералии қисми марказии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Шаҳринав дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Мутахассисони агентӣ айни ҳол нақшаҳои генералии ноҳияи Балҷувон ва шаҳри Дарбандро муҳокима менамоянд. А.Комилов афзуд, ки мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии сохтмон соли равон ба таҳияи нақшаҳои генералии ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Тавилдара, Ҷиргатол ва шаҳрҳои Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Истаравшан ва Хоруғ шурӯъ хоҳанд кард. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






