НАМОИШИ АСАРҲОИ СУРАТГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

Январь 10, 2009 12:46

           Душанбе, 10 январ. ( АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- 15 январ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия намоишгоҳи асарҳои суратгирони тоҷик кушода мешавад. Бояд гуфт, ки моҳи май дар ҳамин ҷо мулоқоти  сарони давлатҳои  аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Аз рӯи анъана дар ҷараёни тайёрӣ ба ин мулоқот  силсилаи тадбирҳои фарҳангӣ андешида мешаванд. Соли гузашта дар Екатеринбург ду ҷашнвораи байналхалқии филмҳои бадеӣ ва мустанад баргузор гардида буд. Охири соли гузашта аккосони Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ин ҷо маҳсули ҳунари худро намоиш доданд. Дар намоишгоҳи асарҳои  суратгирони тоҷик бештар аз сад акси ба мавзӯъҳои гуногун бахшидашуда намоиш дода мешавад. Яке  аз  иштирокчиёни намоишгоҳи мазкур суратгири маъруфи тоҷик Геннадий  Ратушенко мебошад. Дар бештар аз 30  акси пешниҳоднамудаи ӯ лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик дар солҳои  ҳокимияти шӯравӣ, давраи бозсозӣ ва  Тоҷикистони имрӯза тасвир ёфтаанд.

Январь 10, 2009 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид