НАМОИШИ МОЛҲОИ СОХТИ ЧЕХИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Январь 9, 2009 09:31

         Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дирӯз дар ҷараёни мулоқоти муовини  раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Қарамалиев ва котиби аввал, мудири шӯъбаи масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии сафоратхонаи Чехия дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Пётр Шод масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.        Пётр Шод хабар дод, ки маъмурияти мамлакаташ ба ташкили  намоишгоҳҳои  тиҷоратӣ дар Тоҷикистон манфиатдор  мебошад ва  тайёр аст мӯҳлати гузаронидан ва ҷудо кардани маблағро барои онҳо баррасӣ кунад. А. Қарамалиев зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба  Чехия барои гузаронидани намоишгоҳ ҳамаҷониба кӯмак мерасонад. Барои ин ҷой ва таҷҳизоти зарурӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.        Мусоҳибон баъдан роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ табодули назар намуданд. Таъкид гардид, ки Чехия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, саноати сабуку бофандагӣ, озуқа, содироти таҷҳизоти гуногун ва  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд.

Январь 9, 2009 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар