НАМОЯНДАГОНИ ҲНИТ БА ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ МЕРАВАНД

Январь 19, 2009 15:25

         Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дархости расмии  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар мавриди ташкили гирдиҳамоӣ дар Боғи Фирдавсии пойтахт бобати изҳори ҳамдилию ҷонибдорӣ ба мардуми Фаластин бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рад гардид. Мақсади рад гардидани дархости мазкур риоя нагардидани  талаботи моддаҳои  алоҳидаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» мебошад. Тибқи ин дархост мебоист намояндагони ҳизби мазкур 23-уми  январ дар Боғи Фирдавсии пойтахт гирдиҳамоӣ мегузарониданд.         Муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки намояндагони ҳизб ҳамдилӣ ва ҷонибдории худро ҷиҳати дифоъ аз мардуми ҷабрдидаи Фаластин изҳор намуда, амалиёти низомии Исроилро ҷиҳати зери бомбаю мушак гузоштани мардуми ин сарзамин маҳкум менамоянд. Мо ҷонибдори қатъи бечунучарои амалиёти низомии Исроил дар сарзамини Фаластин мебошем, афзуд ӯ. Ҷиҳати расонидани кӯмак ба мардуми азияткашидаи Фаластин аз ҷониби ҳизби мазкур сандуқи хайрия ташкил карда шудааст, ки аз 31 декабр инҷониб дар он беш аз 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ гардидааст.         Намояндаи ҲНИТ афзуд, ки барои фиристонидани кӯмак ба мардуми Фаластин бо мактуби расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат намудем. Аз идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷавоб додаанд, ки тавассути каналҳои дипломатӣ бо намояндагии дар Тошкандбудаи  Фаластин дар тамос бошанд. Дар сурати барқарор нагардидани тамос бо намояндаи дар Тошкандбудаи Фаластин эҳтимол аст, ки намояндагони худи ҳизб ба воҳаи Ғаззаҳ сафар карда, кӯмакро ба мардуми ҷабридидаи ин сарзамин бирасонанд, гуфт дар фарҷом М.Ҳайит. 

Январь 19, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид