НАМОЯНДАИ ҲХДТ ВА ҲНИТ БО ҲАМ ҚУВВА МЕОЗМОЯНД

Январь 9, 2009 15:26

                                                                  Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-8 –уми феврал дар ҳавзаи якмандатии интихоботии №4- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  интихоботи  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои вакили хориҷшуда баргузор мегардад. Назар ба иттилоъи роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов,  алҳол ду номзад аз ду ҳизби сиёсии кишвар ҷиҳати иштирок дар интихобот ба қайд гирифта шуда, корҳои тарғиботии пешазинтихоботӣ мебаранд. Инҳо намоянда аз Ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон Амир Катаев -собиқ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Додихудо Абдулов мудири шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошанд.Бояд тазаккур дод, ки қаблан аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №4-и ноҳияи Синои пойтахт  Каримҷон Қодиров дар палатаи поёнии парлумони мамлакат намояндагӣ мекард. 10 ноябри соли 2008  ӯ бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.  

Январь 9, 2009 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!