НАТИҶАИ ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТИИ ДАВЛАТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ДАР СОЛИ 2008

Январь 9, 2009 15:10

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008-ум ро бо дастовардҳои хеле назаррас ҷамъбаст намуд.Аз ҷониби Агентии мазкур талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо  сари вақт маблағгузорӣ карда шуд. То якуми январи соли 2009 талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо дар ҷумҳурӣ 474091 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин муддат барои нафақа 442519,5 ҳазор сомонӣ, барои кӯмакпулиҳои корношоямӣ 24397,1 ҳазор сомонӣ, барои кӯмакпулиҳои оилавӣ 3893,1 ҳазор сомонӣ, барои солимгардонии шаҳрвандон ва аъзоёни оилаи онҳо 2234 ҳазор сомонӣ, кӯмакпулиҳо барои дафн 1321,6 ҳазор сомонӣ, барои хизматрасонии бонкӣ 3577,3 ҳазор сомонӣ, сиёсати шуғл 6700 ҳазор сомонӣ ва ба иттифоқи касаба 3715 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои таътили тобистона 1840 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.          Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ бақайдгирии ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ва соҳибкорон, инчунин ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсию пасандозӣ ба ҳисоб мераванд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 37516 шахсони ҳуқуқӣ, 775193 ашхоси воқеӣ ва 56317 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нишондоди мазкур, аз вусъат ёфтани кор шаҳодат медиҳад.  

Январь 9, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид