НАВЪҲОИ ПАХТАИ ОЯНДАДОР ҚАБУЛ ГАРДИД

Январь 30, 2009 14:19

               Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи тавсияи олимони «Зироаткор»-и Академияи илмҳои кишоварзӣ соли 2008 пахтаи миёнанахи навъҳои «ВД-11», «Назирӣ», гандумҳои мулоимдонаи навъҳои «Ориён» ва «Сомонӣ», мушунги навъи «Серҳосил»барои кишт дар минтақаҳои ҷумҳурӣ кишт карда шуда, ҳосили дилхоҳ гирифта шуд.               Аз тарафи Комиссияи давлатӣ пахтаи маҳиннахи навъи «748-В», нахӯди навъи «Ҳисор-32» ва наски навъи «Ҳисор-1», «Ҳисор-5» ҳамчун навъҳои ояндадор қабул карда шуданд.               Ба санҷиши озмуни давлатӣ навъҳои пахтаи миёнанахи «Неъмат» ва «Шарора-80», пахтаи маҳиннахи «Авесто», гандуми навъи «Марказ-3», ҷави тирамоҳии «Истиқлол», зағири равғандори«Хисор-10» барои киштдар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тавсия шуданд.               Дар хоҷагиҳои тобеи Пажӯҳишгоҳ соли 2008 1475 тонна тухмиҳои баландсифати зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо истеҳсол кардашуд.

Январь 30, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид