НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДЕПОЗИТҲОИ «БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ҚАВИ МЕБОШАНД

Январь 22, 2009 09:37

                   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Айни замон дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» 477 пасандози мӯҳлатноки аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад, ки 26,2 фоизи он бо асъори миллӣ, 63,5 фоиз бо доллари ИМА 6,9 фоиз бо евро ва 3,4 фоизи пасандозҳо бо рубли Россия нигоҳ дошта мешаванд.                   Тавре аз бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, «Бонки рушди Тоҷикистон» вазъи молиявӣ ва умуман нишондиҳандаҳои молиявии бонк дар давоми соли 2008, махсусан дар интиҳои сол хеле хуб гардиданд ва пардохтпазирии Бонк низ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.                  Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ҳолатҳои пеш аз мӯҳлати пешбинишуда пас гирифтани пасандозҳо аз тарафи аҳолӣ мушоҳида намешаванд. То ҳол ҳамаи пасандозҳо мувофиқи шартномаи пасандозӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати шартномаҳо, мизоҷон барои дароз кардани мӯҳлати шартнома розигӣ медиҳад.                  ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аъзои фонди кафолати пасандозҳои аҳолӣ буда, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолати пасандозҳои шахсони воқеӣ» амал мекунад ва дар ин асос Бонк мувофиқи қонуни номбурда барои кафолати пасандозҳои аҳолӣ фонд таъсис додааст, ки маблағҳои ин фонд дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ғайр аз ин, Бонк бо Ширкати суғуртавии «М-Полис» шартномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он пасандозҳои дар ҶСП «Бонки рушди Точикистон» нигоҳдоришаванда суғурта карда мешаванд.                Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо пардохпазирии Бонк зиёда аз 120%-ро ташкил мекунад. Ин нишондиҳанда дар шабакаи бонкдории Ҷумҳурӣ қавӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Бонк маблағи мизоҷонро дар лаҳзаҳои аввали талабшавӣ пардохт карда метавонад.

Январь 22, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст