НОМУТАНОСИБӢ ДАР МУЗДИ МЕҲНАТ БОҚӢ МЕМОНАД

Январь 27, 2009 13:08

                 Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, яке аз масалаҳои ҳалталаби соҳаи музди меҳнат номутаносибӣ ва тафриқаҳои байнисоҳавӣ, дохилисоҳавӣ ва байниминтақавии он мебошад.                Дар соли 2008 сатҳи баландтарини музди меҳнати номиналӣ дар шаҳри Душанбе боқӣ монд, ки он ба 470, 41сомонӣ баробар буд.               Ин нишондиҳанда нисбат ба андозаи миёнаи музди меҳнати ҷумҳуриявӣ 2 маротиба баландтар аст.Дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама баланд дар соҳаи алоқа (559 сомонӣ), нақлиёт (500 сомонӣ), сохтмон (551 сомонӣ) ва сатҳи пасттарини он дар соҳаи хоҷагии ҷангал (72 сомонӣ)ва кишоварзӣ (70 сомонӣ) ба қайд гирифта шуд, ки тафриқаи онҳо тақрибан 8 маротибаро ташкил медиҳад.  

Январь 27, 2009 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд