НОМЗАДИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-31-уми январ ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи милиии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар КМО ҶТ хабар доданд, дар ин ҷаласа масъалаи баргузории Ассамблеяи кулли ҳисоботиву интихоботии Кумитаи миллии олимпӣ баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин дар ин ҷаласа номзад ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон хоҳад гашт. Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев, ба ин вазифа аксари созмону федератсияҳои варзишии кишвар президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кардаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои номзадӣ ба ин вазифа розигӣ додааст. Бар асоси оинномаи Кумитаи миллии олимпӣ, президенти КМО дар Ассамблеяи кулли кумита интихоб хоҳад шуд. Бояд тазаккур дод, ки чунин таҷриба дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дида мешавад, чунончи сарварони давлатҳои Беларус, Озарбойҷон ва Туркманистон ҳамзамон президентии кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои худро бар ӯҳда доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






