НОЗИРИ ГУМРУКИ ПАНҶИ-ПОЁН ДАСТГИР ШУД

Январь 13, 2009 16:05

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки Баҳриддин Муминов, нозири гурӯҳи ба расмиятдарории нуқтаи гумрукии Панҷи-Поёни вилояти Хатлон барои пинҳон намудани 11986 сомонии пардохти боҷи гумрукӣ дастгир гардид. Номбурда 29-уми ноябри соли 2008 бо тартиб додани санади азназаргузаронии маҳсулоти ғизоӣ (мандарин), ки аз соҳибкор Аҳмад Элов буд, ба ҷои 55 тонна, дидаву дониста 40 тонна нишон дода, аз ҳамин ҳисоб барои ба даст овардани маблағ 15 тонна маҳсулот (мандарин)-ро, ки мувофиқи нархи бозор маблағи он 45 ҳазор сомонӣ ва инчунин маблағи 11986 сомонӣ пардохти боҷи гумрукиро ташкил медод, пинҳон намуда, бо ин кирдораш ба давлат зарари моддӣ расонидааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Б. Муминов тибқи моддаи 314-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Нисбати ӯ аз рӯи маводҳои ҷамъ овардашуда санҷиш давом дорад.

Январь 13, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд