ОҒОЗИ СОЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСТРОНОМИЯ
Душанбе, 15 январ. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Имрӯз дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО оғози Соли байналхалқии астрономия эълон карда мешавад. Дар маросими эълони он директори генералии ЮНЕСКО Коитиро Митсуури сухан мекунад. Баъди ин дар ҷамъомади махсус дар бораи таърихи илми ситорашиносӣ, аз ҷумла ситорашиносии қабилаҳои майя ва ситорашиносии исломӣ, инчунин таҳқиқи ситораҳо бо кӯмаки мавҷҳои радио маърӯзаҳо хонда мешаванд. Дар фарҷоми ҷамъомад бо расадхонаи дар қитъаи Антарктида бунёд кардашуда мулоқоти мустақими телевизионӣ ташкил карда мешавад. 16 январ чунин мусоҳибаи мустақими телевизионӣ бо кормандони телескопи дар ҷаҳон калонтарини расадхонаи Аврупо дар шаҳри Паранали Чили гузаронида хоҳад шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






