ОИЛАҲОИ КЛОНИИ КАРТОШКА ОФАРИДА ШУД

Январь 5, 2009 10:30

         Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ бори аввал нақшаи тухмипарварии картошка бо усули санҷишу зиёд намудани оилаҳои клонӣ аз санҷиш гузаронида мешавад.- иброз доштанд дар Академияи илмҳои кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».         Дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и ноҳияи Ғончӣ ҳосили бештар аз 200 оилаҳои клонӣ (5 тонна лундаҳо) рӯёнида шуд. Аз лундаҳои рӯёнидашудаи картошкаи солимгардида, дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ кишт гузаронида шудааст.         Картошкаи нави селексияи маҳаллӣ бо маслиҳати олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ дар якҷоягӣ бо олимони Пажӯҳишгоҳи физиология ва генетикаи растаниҳо дар хоҷагиҳои ноҳияи Ғончӣ парвариш карда, барои зиёд намудани тухмии он ба дигар ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ фиристода шудааст.

Январь 5, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад