ОЛИМПИАДАИ ТАЛАБАГОНИ МАКТАБҲОИ ПОЙТАХТ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз дар мактаби миёнаи рақами 1 – уми шаҳри Душанбе олимпиадаи талабагони мактабҳои пойтахт оғоз меёбад. Олимпиада аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, ҷуғрофия, забонҳои тоҷикию хориҷӣ, асосҳои давлату ҳуқуқ ва информатика гузаронида мешавад. Дар олимпиада ғолибони олимпиадаҳои ноҳиявӣ ширкат меварзанд. Мудири қисми таълимии мактаби миёнаи рақами 78 – уми ноҳияи Фирдавсӣ Лариса Хайруллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки талабагони мактаби мазкур дар олимпиадаи ноҳиявӣ ғолиб омада, ҷои аввалро ишғол намуданд. Талабагони мактаб Наргис Соҳибова, Алишер Мелибоев, Светлана Канбина, Андрей Жолобов, Бобо Нурӣ, Таҳмина Аҳмадова, Имомалӣ Комрон ва дигарон дар олимпиадаи шаҳрӣ иштирок менамоянд. Онҳо бо ифтихорномаҳои шӯъбаи маорифи ноҳия мукофотонида шуданд. Омӯзгороне, ки шогирдонашонро ба олимпиада тайёр кардаанд, соҳиби мукофотҳои пулӣ гардиданд. Натиҷаҳои олимпиадаҳои шаҳрӣ баъди ду рӯз ҷамъбаст карда мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






