ОМОДАГӢ БА КОНФРОНСИ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров дар мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай , ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин мулоқот намояндагони мақомоти муҳофизи қонун низ иштирок доштанд. Аз вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон баррасӣ шуданд. Конфронси мазкур таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории Шанхай гузаронида мешавад. Дар мулоқот аз ҷумла масъалаҳои ташкилии конфронс муҳокима гардиданд.Дар конфронс масъалаҳои тақвияти муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккилона муҳокима карда мешаванд, ки дар Афғонистон торафт бештар ривоҷ ёфта, ба мамлакатҳои ҳамсоя таҳдид менамоянд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






