ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ШУРӮЪ ШУД

Январь 24, 2009 10:36

              Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Тавре хабар дода шуда буд, озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион -2009» моҳи августи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад. Дирӯз дар машварате, ки таҳти раёсати муовини сарвазир Руқия Қурбонова баргузор гардид, нақшаҳои тайёрӣ ба озмун муайян карда шуданд. Аз вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбарияти Шабакаи аввали телевизиони Русия воситаҳои техникии барои ггузаронидани озмун заруриро ба Душанбе фиристод.               Масъалаҳои ташкилию техникии озмун ҳал шудаанд. Дар Тоҷикистон гузаронидани озмуни овозхонони ҷавон ба нақша гирифта шудааст. Ғолиби он дар озмуни байналхалқии «Интервизион -2009» иштирок хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни соли гузашта ғолиб омада буд. Ба туфайли ғалабаи ӯ озмуни мазкур имсол дар пойтахти ҷумҳурии мо гузаронида мешавад.

Январь 24, 2009 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид