«ОРИЁНБОНК» БОЗ ЯК БАНКОМАТ ДАР БИНОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА МЕГУЗОРАД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади вусъат додани самтҳои мавҷуда ва азхуд намудани самтҳои нави бизнес, инчунин таъмини имкониятҳои беҳтар барои мизоҷони худ, дорандагони кортҳои бонкӣ, «Ориёнбонк» шабакаи банкоматҳои худро на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ васеъ мегардонад. Аз семоҳаи чоруми соли 2008, банкоматҳои наве, ки дар фурудгоҳи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, филиалҳои бонк дар шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва Норак, инчунин дар майдончаи сохтмонии ГЭС-и Роғун муқаррар карда шуданд, ба кор шурӯъ намуданд. Барои амалӣ гардонидани пардохтҳои ғайринақдии молу хизматҳо дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бонк инчунин Pos-терминалҳоро устувор менамояд, ки он ба кормандон ва мизоҷони бонк бе иштироки пули нақд пардохт намудани молу хизматҳоро имкон медиҳад.Рӯзҳои наздик устувор намудани боз як банкомат дар бинои телевизиони Сафина, ки бо он шартнома ба имзо расидааст, пешбинӣ шудааст. Ба санаи интиҳоии ҳисоботии соли 2008 шумораи дорандагони кортҳои пластикии ҶСК «Ориёнбонк» ба зиёда аз 14 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ду маротиба зиёдтар буда, афзудани боварии мизоҷон ба бонк ва хизматрасонии бонкиро тасдиқ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






