ОСОРХОНАИ БА НОМИ К. БЕҲЗОД СОҲИБИ НИГОРАҲОИ НОДИР ГАРДИД

Январь 8, 2009 14:25

         Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Танҳо дар  соли 2008 Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод ба миқдори  1225 нигораи нав ҷамъоварӣ намуд, ки ин нисбат ба соли 2007 хеле зиёд аст. Тавре ба АМИТ «Ховар», директори осорхонаи миллӣ А. Шарипов хабар дод, ёдгориҳои зикршуда  аз  қабили  сиккаҳои шоҳаншоҳони аҳди Кушониён — Санаб, Вима Такту, Вима Кадфиз, Канишка , Хувишка, Васудева, сўзаниҳо, зарфҳои мунаққаши  сафолӣ, китобҳои дастнавис, аз ҷумла нусхаи дастнависи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Мавлоно Ҷомӣ, кўзаҳои антиқӣ, чароғи фулузӣ, сурмадони санги дар шакли парранда, ки хеле  нодир аст, 2-адад ҳайкалчаҳои гили асрҳои V-VI, чор адад  ангуштарини мисини то исломӣ   ҷамъоварӣ шуд.Аз  миёни  ин  маводи  ҷамъоваришуда  хусусан  ганҷинаи  сиккаҳои  шоҳони  аҳди Кушониён (асрҳои I-IV )  ки  шумораи  онҳо 666 ададро ташкил  медиҳад ва калонтарин дафинаи ин давра дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.  Ёдгориҳои  дигари  харидашуда  аз  қабили мўҳри  сикказании  асрҳои  XII-XIV, 10 адад оболҳои Юнону бохтарӣ  ва кушонӣ ки ба асрҳои I-и то милод  ва  I- милодӣ  тааллуқ доранд, 3 дона  сиккаҳои нуқрагини куфии асри VIII (даврони зиндагии Имоми Аъзам), китоби «Мухтасар»- дастнависи Шоҳрабеъ ибни Муллодили Қаротегинӣ, ҷои китобат вилояти Панҷакант, китобати  соли 1245-и ҳиҷрӣ, кўзаи  мунаққаши мисии   асри  XIX аҳамияти баланди  илмӣ доранд. Дар таърихи фаъолияти Осорхона инчунин, бори нахуст сиккаи Исмоили Сомонӣ дастрас карда шуд.Хамчунин аъзои Комиссияи фондӣ тавонистанд, ки дар ин самт корҳои тарғиботиро ривоҷ дода шаҳрвандонро барои ҳадя намудани ёдгориҳо ба Осорхона ҳидоят намоянд. Дар натиҷа шаҳрвандони ҷумҳурӣ- санги катибадори  асримиёнагӣ, як сиккаи кушонӣ, маҷмўи сиккаҳои аз Искикўлоби Кўлоб ёфташуда (ҳамагӣ 138 ёдгорӣ), китоби чопи сангии «Равзат-у-шуҳадо», чароғи  фулузиро ба осорхона  ҳадя намуданд. 

Январь 8, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад