ОСОРИ ГАРОНБАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪРИХИРО БА ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ БАРГАРДОНИДАНД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддқов).- Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабинии фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз як гурӯҳ шаҳрвандони кишвар миқдори зиёди китоб ва дастхатҳои нодири қадимаро мусодира намуданд. Тибқи иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба АМИТ «Ховар», ин шаҳрвандон ният доштанд, ки осори гаронбаҳои илмию таърихиро ба хориҷи ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Дар байни асарҳо дастнависи китоби «Қуръон» асри 18, китоби «Ҳикоёти саҳоба», чопи санги (литографи), асри 19, китоби «Шарҳ-ул-виқоя», чопи сангӣ, асри 19 ва ғайраҳо ҳастанд. Аз рӯи гуфти мутахассисон махсусан, нусхаи дастнависи китоби «Ҳафтяк», ки дар байни халқхои Мовароуннаҳр хеле маъмул буд ва рисолаи «Авроди фатҳия»-и Мир Саид Алии Хамадонӣ барои муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ ва таърих аҳамияти бузург дорад. Ҳамаи китобу дастхатҳои мусодирашуда аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ба ихтиёри Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






