ОЗМОИШГОҲҲОИ ТАШХИСИИ «ТОҶИКСТАНДАРТ» ФАЪОЛ МЕШАВАНД

Январь 12, 2009 12:09

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар тамоми самтҳои фаъолияти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» озмоишгоҳҳо мавқеи муҳим доранд. Зеро, бехатарии молу маҳсулот маҳз тавассути озмоишгоҳҳо ва ташхисҳои амиқи онҳо таъмин карда мешавад. Дар соли 2008 дар Агентии «Тоҷикстандарт» озмоишгоҳи нави зудамали ташхисӣ «ИнфраЛюм» ба кор даромад, ки дар ҷумҳурӣ ягона буда, сифати маҳсулоти гуногуни хӯрокаро дар кӯтоҳтарин муддат ба таври дақиқ аз санҷиш мегузаронад. Инчунин, озмоишгоҳи нави бо дастгоҳи замонавии спектографи атомӣ — адсобсионӣ САА «Квант-2А» ҷиҳозонида шуда, ба фаъолият сар кард, ки ба воситаи ин дастгоҳ қариб тамоми элементҳои системаи давриро муайян кардан мумкин аст. Дастгоҳи САА «Квант — 2А» яке аз асбобҳои дақиқ буда, ба дараҷаи атомӣ миқдори моддаҳои заҳровар, хусусан, металлҳои дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бударо муайян мекунад.Лозим ба ёдоварист, ки соли 2008 аз тарафи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» 35514 намунаи маҳсулот аз ташхис гузаронида шуд, ки аз ин миқдор 3,4 фоизашон ғайристандартӣ дониста шуданд. 453 тонна орд, 876 тонна шакар, 298 ҳазор дона тухм, 211 тонна равғани растанӣ, 199 тонна консерва, 48 тонна чой, кофе, какао, 40 тонна маҳсулоти ширӣ, 18629 дал нӯшокиҳои спиртӣ ва 15960 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ аз ҷумлаи инҳоянд.   

Январь 12, 2009 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд