ОЗМУНҲОИ ЭҶОДӢ БА МУНОСИБАТИ 50- СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ ба муносибати 50 — солагии таъсиси худ дар байни кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ якбора се озмун баргузор месозад. Аз ҷумла барои ба даст овардани ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ озмуни эҷодӣ эълон карда шуд.Имсол дар байни журналистон барои муайян намудани хабару мақолаҳои беҳтарин дар воситаҳои ахбори оммавӣ, асари беҳтарини илмию тадқиқотӣ, барномаи беҳтарини радиоӣ, барномаи беҳтарини телевизионӣ ва ғайра озмунҳо гузаронида мешаванд. Ғолибони онҳо 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик эълон карда хоҳанд шуд.Дар Рӯзи матбуоти тоҷик инчунин ғолибони «Озмуни донишҷӯёни оянда» ба номи Воҳид Асрорӣ муайян карда мешаванд. Озмуни мазкур дар байни донишҷӯёни факултаҳо ва шӯъбаҳои журналистика гузаронида мешавад. Имсол доираи иштирокчиёни озмуни «Қалами заррин» низ хеле васеъ гардонда шуд. Ба асарҳои ба ин озмун пешниҳодшуда дар соҳаи иқтисодиёт, сиёсат ва ҷомеа, фарҳанг, варзиш ва сафару сайёҳат, тандурустӣ ва таърих баҳо дода хоҳад шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






