ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АККОСОН

Январь 15, 2009 16:35

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 23 январ дар Агентии  ҳамкории  Швейсария таҳти  унвони «Меҳнат ва самараи он»  намоиши суратҳо   кушода мешавад. Намоишгоҳи мазкур ба муносибати таъини муовини нави  директори агентии мазкур ташкил карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  Агентии ҳамкории Швейсария ҳар сол моҳи март  тақвими «Наврӯз» — ро  нашр мекунад. Дар тақвими мазкур аксҳои бахшида ба  Тоҷикистон чоп карда мешаванд. Қабл аз ин  аксҳоро кормандони худи агентӣ  интихоб мекарданд.Суратҳои тақвим ҳар сол ба яке аз соҳаҳои  ҳаёти мардум бахшида мешавад. Агентии ҳамкории Швейсария имсол қарор дод, ки барои тайёр кардани суратҳо озмун эълон карда, ороиши тақвимро ба ғолиби он фармоиш диҳад. То имрӯз  ҳафт суратгир барои иштирок дар озмун ариза додааст. Натиҷаи озмун охири моҳи январ ҷамъбаст карда мешавад.

Январь 15, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад