ОЗМУНИ «КИЛКИ ТИЛЛОӢ»-И ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН

Январь 19, 2009 09:05

          Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба ифтихори 50-солагии таъсиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҷлил мегардад, озмуни васеи эҷодии рӯзноманигорон дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, экология, таърих, журналистика, илм ва публитсистика  гузаронида мешавад. Комиссияи интихобии озмун, матолиби ҷавобгӯйро барои баррасӣ ва интишор дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба ҳайати доварон пешниҳод менамояд. Озмун аз ибтидои соли 2008 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли ҷорӣ дар рӯзи ҷашни солгарди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои қимматбаҳо қадр карда мешаванд.

Январь 19, 2009 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд