ПАСАНДОЗҲОИ БОНК СУҒУРТА КАРДА МЕШАВАНД

Январь 22, 2009 15:54

                 Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Айни ҳол дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бонки рушди Тоҷикистон» 477 пасандози мӯҳлатноки аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад. 26,2 фоизи он бо пули миллӣ, 63,5 фоизи пасандоз бо доллари ИМА, 6,9 фоизи он бо евро ва 3,4 фоизи дигар бо рубли Русия гузошта шудааст.                Аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то ҳол ягон соҳиби пасандоз маблағи худро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда нагирифтааст. Бар акс, қисми зиёди соҳибони пасандоз баъди анҷом ёфтани мӯҳлати муқарраршуда, онро дароз мекунанд. Инчунин маъмурияти бонк бо Ширкати суғуртаи «М — Полис» қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст. Мувофиқи он, пасандозҳои дар Бонки рушди Тоҷикистон буда, бояд суғурта карда шаванд.                Имрӯз фоидаи муомилоти пул дар бонк 120 фоизро ташкил медиҳад. Ин дар байни бонкҳои мамлакат натиҷаи назаррас ба шумор меравад.                                                                                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А.  

Январь 22, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд