ПЕШНИҲОДИ БАРНОМАИ РАЁСАТИ МОЛДАВИЯ ДАР ИДМ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Белорусия — шаҳри Минск барномаи раёсати Ҷумҳурии Молдавия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима карда мешавад. Мувофиқи қарори Шӯрои сарони давлатҳо, ки 10 октябри соли 2008 дар Бишкек қабул гардида буд, раёсати Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ ва Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ аз 1 январи соли 2009 сар карда, ба зиммаи Молдавия гузошта мешавад. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Молдавия Владимир Воронин Комиссияи миллии таъмини раёсати мамлакат дар ИДМ ташкил карда шуд. Ҳукумат гурӯҳи кориро барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти таъмини раёсати Молдавия дар ИДМ тасдиқ намуд, ки ба он сафири супоришоти махсуси вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии Молдавия бо мамлакатҳои Аврупо Ефим Килар роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






