ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН БА АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар, Фарангис Раҳимова). — Намояндагони 18 давлати аъзои СММ, аз ҷумла, Тоҷикистон аз раиси Ассамблеяи генералӣ хоҳиш карданд, ки масъалаҳои марбут ба самаранокии истифодаи қувваи барқ, роҳу усулҳои сарфаи энергия ва проблемаҳои манбаъҳои нави барқароршавандаи энергия, қувваи барқ ва гармиро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Онҳо пешниҳод намуданд, ки ин масъалаҳо дар ҷараёни иҷлосияи 63 – юми ассамлея муҳокима карда шаванд. Дар номаи ба унвони раиси Ассамблеяи Генералӣ фиристодашуда зикр карда мешавад, ки ҳалли масъалаҳои сарфаи қувваи барқ, гармӣ ва манбаъҳои наву барқароршавандаи энергия дар бобати ба даст овардани ҳадафҳои рушд ва бартараф сохтани проблемаҳои тағйир ёфтани иқлим нақши асосӣ мебозанд. Дар нома қайд карда мешавад, ки Ассамблеяи Генералӣ ҳамчун маркази асосии мусоҳиба ва ҳамоҳангсози СММ барои вусъати огоҳӣ, иваз кардани таҷрибаи пешқадам ва мусоидат ба ҳалли проблемаҳои мазкур мақоми мувофиқ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






