ПИЁДАГАРД, ДАР РОҲ ЭҲТИЁТ БОШ!
Душанбе. 23 январ. (АМИТ «Ховар»). Тавре аз дафтари матбуотии ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии пойтахт як далели садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Соати тақрибан 21:00 автомашинаи тамғааш номаълум ҳангоми ҳаракат дар кучаи И.Сомонӣ аз тарафи хиёбони Рудакӣ дар рӯ ба рӯи кучаи С. Шерозӣ хонаи 14, пиёдагард Абдуллоев Шокирчон, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода, маҳаллаи Пахтаободро пахш карда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида Абдуллоев Ш. аз гирифтани ҷароҳати сахт дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва барои дастгир намудани гунаҳгор чораҳои ҷустуҷуӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






