РАҲМОНОВ БА ЭРОН МЕРАВАД

Январь 6, 2009 13:26

          Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар бахши маориф 17 январ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо даъвати вазири улуми Эрон доктор Зоҳидӣ озими Теҳрон мешавад.          Тибқи иттилоъи масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, вазири маорифи Тоҷикистон зимни сафари 4 -рӯзаи худ ба Эрон бо вазири улуми ин кишвар доктор Зоҳидӣ ва вазири омӯзиш ва парвариши Эрон Али Ахмадӣ дидору мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахши маориф байни ду кишвар баррасӣ менамоянд.       Бояд зикр кард, ки дар доираи санадҳои байнидавлатӣ ва тавофуқномаҳои ҳамкории вазоратҳои маорифи ин кишварҳо беш аз 400 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил менамоянд. Дар Тоҷикистон бошад ҳудуди беш аз 300 нафар донишҷӯ ва аспиранту докторантҳои эронӣ дар бахши гуманитарӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 

Январь 6, 2009 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид