«РЕГАР» ТАДАЗ –«ШАХТЁР» 4:1
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Регар ТадАЗ» -и Турсунзода дар Ҷоми қаҳрамонони ИДМ ва соҳили Балтик-2009 дар шаҳри Маскав ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар вохӯрӣ охирин дастаи «Регар-ТадАЗ» бар дастаи «Шахтёр»-и Донетски Укроин бо натиҷаи 4:1 пирӯз шуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи «Регар» ТадАЗ хотима ёфт. Дар нимаи дуввум футболбозони тоҷик боз ду гол ва рақибонашон танҳо дар дақиқаи 78-уми бозӣ 1 гол ба самар расонданд. Дар тӯли 17 соли ширкати худ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ футболбозони тоҷик барои бори аввал ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфтанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






