РОҲҲО МАҲКАМАНД
Хоруғ, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Баъди хушксолии ду – се соли охир ахиран дар ҳудуди ВМКБ барф борид. Боришоти барф бегоҳии рӯзи 2 – юуми моҳи январ оғоз гардид. Тавре муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандони вилоят Муқбилшоҳ Муқбилшоев ва танзимгари иттиҳодияи истеҳсолии «Бадахшоннақлиёт» Қурбонмамад Некқадамов иттилоъ доданд, баъди боришоти зиёд дар километри 506 ва 13 – и шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – и деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон бар асари аз кӯҳ канда шудани тарма рӯзи 3 — юми моҳи январ роҳ маҳкам шуд. Рӯзи 4 – уми январ дар ҳар ду мавзеъ роҳ кушода шуд, аммо дар километри 572 — и деҳаи Пастбаҷуви ноҳияи Рӯшон тармаи азиме роҳро маҳкам кард ва ҳоло тоза кардани он идома дорад. Дар ноҳияи Ишкошим бошад аз километри 24 то 39 — и шоҳроҳи Хоруғ – Ишкошим саросари роҳ тармапӯш аст. Дар километри 41, 42 ва 51 – и ин роҳ низ ҷо – ҷо тармаҳои хурду калон аз кӯҳ канда шуда, роҳро маҳкам карданд. Дар шоҳроҳи Хоруғ — Ӯш дар километри 52 – и деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон роҳ маҳкам аст ва дар тоза кардани он техникаи зиёде кор мекунад. Роҳ танҳо байни ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ кушода аст. Тавре коршиносон иттилоъ доданд, ба хотири тоза кардани тарма имрӯз техникаи пуриқтидор ва сӯзишвории зарурӣ мавҷуд аст. Сабаби қадри дер тоза кардани тармаҳо ин камбудии техникаю сӯзишворӣ не , балки чизи дигарест. Гап дар сари он аст, ки дар ҷое чун аз кӯҳ тарма канда шуда роҳро маҳкам мекунад, ин як қисмати барф аст, дар роҳи тармафуроӣ ҳанӯз барфи зиёд мехобад ва эҳтимоли такроран фуромадани тарма ҳамеша ҷой дорад. Тармаи такрорӣ бошад нисбати ба тармаи аввалия азимтар буда, ҳамеша фалокатҳои бешеро ба бор меорад. Нафароне, ки тармаи аввалияро тоза мекунанд, аксарият вақт зери тармаи такрорӣ мемонанду ҳалок мешаванд. Аз ин лиҳоз, тармаи аввалия хеле эҳтиёткорона тоза карда мешавад. Баландии барф дар вилоят аллакай ба 55 см расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






