РОҲҲОИ ПОЙТАХТ АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ БАРОВАРДА ХОҲАНД ШУД

Январь 17, 2009 12:30

                                                                    Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи баргузории тендер ҷиҳати таъмири асосии кӯчаҳои пойтахт қарор ба тасвиб расонд.        Тибқи ин қарор Комиссияи тендерӣ ҷиҳати интихоби пудратчии асосӣ барои сохтмони  роҳи автомобилгард аз кӯчаи Камонгарон (Заводская) то назди бинои Воҳиди махусуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, таъмири асосии  қисмати ғарбии  роҳи автомобилгарди  кӯчаи Неъмат Қарабоев (аз хиёбони Саъдии  Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ), таъмири асосии кӯчаҳои Бофанда, Мичурин, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва Титов таъсис дода мешавад.          Комиссияи мазкур муваззаф гардидааст, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро таъмин намояд. Комиссияи тендерӣ иштироки васеи ширкатҳои ватанию хориҷиро дар озмун бо назардошти  пешниҳоди ҳуҷҷатҳо  ва шартҳои он ба роҳ мемонад.

Январь 17, 2009 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид