РОҲБАРИ МАРКАЗИ ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ БЕҲТАР СОХТАНИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУК АЗ КОР ОЗОД ШУД

Январь 16, 2009 12:09

           Душанбе, 16 январ. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).-Ҳукумати Тоҷикистон барои то ҳадди имкон кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин бора  Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси  васеи  Ҳукумати мамлакат сухан ронд. Сарвари  давлат изҳори ташвиш намуд, ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноат хеле кам шуд.          Президент ба  шахсони масъул супориш дод, ки таъмини истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетро таҳти назорати қатъӣ гиранд. Илова бар ин директори Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати  савдо  Давлаталӣ Ҳотамов вазифадор шуд, ки бо мақсади пешгирии  воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пастсифат дар дохили мамлакат ҳамаи тадбирҳоро андешад. Вазифа ба миён гузошта шуд, ки  соли равон дар мамлакат камаш 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта шавад.         Мухбири АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад, ки дар маҷлис роҳбари Маркази идораи барномаҳои сармоягузорӣ барои беҳтар сохтани фаъолияти гумрук Анваршо Музаффаров аз кор озод карда шуд.

Январь 16, 2009 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд