РОҲБАРИ ШИРКАТ ҚОНУНШИКАНӢ КАРД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Роҳбари ширкати истеҳсолию тиҷоратии «Насим»-и шаҳри Сарбанд Маҳмадназар Хушвахтов барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва зарар расонидан ба давлат дастгир гардид. Номбурда моҳи марти соли 2006-ум ба нозироти андози шаҳри Сарбанд бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, эъломия ва ҳисобнома, фактураи андоз аз арзиши иловашудаи қалбакӣ пешниҳод намудааст, ки аз ҶДММ «Бинокор»-и шаҳри Қурғонтеппа ба маблағи 865 ҳазор сомонӣ маҳсулот харид намуда, аз ин ҳисоб андози арзиши иловашударо, ки маблағи 173 ҳазор сомониро ташкил менамуд, пинҳон кардааст ва бо ин кирдораш ба давлат зарари моддӣ расонидааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки М. Хушвахтов тибқи моддаи 292, қисми 2 ва 340, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Нисбати ӯ аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Хатлон тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






