РОҲБАРОНИ «БАРҚИ ТОҶИК» ВА «ТОҶИКГАЗ» АЗ ВАЗИФА ОЗОД ШУДАНД

Январь 15, 2009 14:59

        Душанбе, 15 январ. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Тавре хабар дода шуд, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ давом дорад. Дар маҷлис асосан натиҷаҳои  тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 таҳлилу ҷамъбаст ва вазифаҳои соли 2009 муайян карда мешаванд. Сарвари давлат ҳисоботи роҳбарони баъзе вазорату идораҳоро  дар бораи фаъолияти онҳо дар соли гузашта баррасӣ намуда,  онҳоро сахт танқид кард.       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримовро аз вазифа озод намуд. Ғайр аз ин, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа сабукдӯш гардид. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳ.Солиев барои кори тӯлонию самарабахшаш дар бобати  беҳтар сохтани  вазъи соҳаи андоз миннатдорӣ баён кард.

Январь 15, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид