РОҲИ НАВИ РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Январь 7, 2009 16:29

          Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз моҳи марти соли 2009 раванди додани қарзи бефоизро ба аҳолии камбизоати Тоҷикистон афзоиш диҳад.          Роҳбари намояндагии Кумитаи мазкур Сайидҷаводи Разавӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки –ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ба шуғли муайян ҷалб кардани онҳо ва аз ҳама беш рушди тиҷорати  хурд дар Тоҷикистон андешида шудааст. Қарзи бефоиз ба оилаҳои камбизоат дар як давраи муайян аз 100 то 1000 доллари америкоӣ дода мешавад. Шахсон ва оилаҳои камбизоате, ки мехоҳанд аз он баҳравар шаванд ва ба сатҳи беҳдошти рӯзгор бирасанд, ба тиҷорати хурд машғул шуда метавонанд.         Тибқи иттилоъи Разавӣ,  дар муддати нӯҳ моҳи соли 2008 –ум 130 нафар шахсони камбизоати Тоҷикистон  аз қарзи бефоиз бархӯрдор шуда, ба сатҳи беҳдошти рӯзгор расиданд. Онҳо натанҳо ба беҳбудии сатҳи рӯзгор ноил гардиданд, балки саривақт қарзҳои гирифтаашонро пардохт намуда, дар рушди  соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд дар Тоҷикистон мусоидат карданд.          Дар робита ба вусъат додани раванди додани қарзи бефоиз намояндагии Кумита расонидани кӯмакҳои башардӯстона, бахусус маводи ғизоиро ба аҳолии камбизоат коҳиш медиҳад. Зеро ба назари масъулини созмони мазкур ин тарзи кор ҷиҳати аз чаҳорӯби сатҳи камбизоатӣ баровардани оилаҳои ниёзманд нақши муассир намебозад.

Январь 7, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад