РОНАНДА АЗ БЕЭҲТИЁТӢ БА ҲАЛОКАТ РАСИД
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар шаҳри Ваҳдат соати 18-у 30 дақиқа ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2107» (АО 7955 РТ 01) Ҷумъа Ҷӯраеви 47-сола дар километри 3-юми «Ваҳдат — Симиганҷ» қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ баромада ба мошини тамғаи «ВАЗ-2107» (ВА 4923 РТ 01), ки ронанда Аҳмад Шамсов идора мекард, бармехӯрад. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи садама Ҷ. Ҷӯраев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, мусофири ӯ Ҳамидулло Сарангов ва ронандаи мошини дигар А. Шамсов сахт маҷрӯҳ гардида, дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат бистарӣ мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






