РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ПОЙТАХТ ДАР СОЛИ 2008 ҶАМЪБАСТ МЕГАРДАД
Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дастовардҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии пойтахт дар соли 2008-ум 10-уми январ дар ҷаласаи ҷамъбастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе натиҷагирӣ мегардад. Ҷаласаи ҷамъбастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардида, дар он роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе аз рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт дар соли 2008 ҳисобот медиҳанд. Дар ҷаласа самтҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2009 муайян мегарданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






