СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ

Январь 3, 2009 14:02

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай 1 январи соли 2009 сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба воситаи роҳҳо  ва пулҳои қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон,  интиқоли маводи хӯрока ва дигар масолеҳи сохтмонӣ барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вазъи бехатарию амнияти минтақа, ҳамкориҳо дар масъалаи бехатарӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар  мавзӯоти вобаста ба таҳкиму тавсеаи  муносибатҳои ҳамкории байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.Тарафҳо оид ба тадбирҳои муштарак алайҳи бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳони муосир ибрози назар карданд. Роҳбарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки вақтҳои наздик барои ҳаллу фасл, муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду тараф муфид ба кишварҳои якдигар сафарҳои расмӣ анҷом диҳанд.Дар ин робита роҳбарони давлатҳо ба Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои худ барои таҳияи санадҳои лозимаи  масъалаҳои баррасишаванда дастуру супориш доданд.Сӯҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии хоси роҳбарони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар сурат гирифт.          Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Январь 3, 2009 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид