СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

Январь 14, 2009 11:04

                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии дирӯз бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев      телефонӣ сӯҳбат кард.          Сарони ҳар ду давлат зимни сӯҳбат роҷеъ ба  вазъияти имрӯзаи  муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон ва роҳҳои  равнақу ривоҷи онҳо табодули назар намуданд.        Нурсултон Назарбоев ба Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки  Қазоқистон  мувофиқи  паймонҳои  дар ҷараёни мулоқоти  дар шаҳри Бишкек баргузоргардидаи сарони давлатҳои  Осиёи Марказӣ қарор додааст ба Тоҷикистон ба маблағи 12 миллион доллари ИМА  кӯмаки хайрия расонад. Бо ин маблағ, аз ҷумла ба Тоҷикистон 29 ҳазор тонна мазут , 9 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 12 ҳазор тонна ғалла ва ғайра фиристода хоҳад шуд.         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Нурсултон Назарбоев миннатдорӣ баён карда, ин иқдоми ӯро зуҳуроти нави  муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду мамлакат номид.

Январь 14, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид