СӮХТОР ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ

Январь 3, 2009 12:44

         Бангкок,  3  январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). – Шаби  аввали   соли нав   дар  яке  аз клубҳои   шабонаи  пойтахти Таиланд – шаҳри  Бангкок   сӯҳтори  шадид  рух  дод. Дар  натиҷаи  сӯхтор  59  нафар ҳалок ва  бештар аз 200 нафар  маҷрӯҳ  шуд. Хабар   дода  мешавад, ки сӯхтор  зимни  зиёфати  идонаи солинавӣ   дар  клуб  ба амал омад. Сабабҳои он  то  ҳол   муайян  карда  нашудаанд.         Мақомоти  муҳофизи  қонун ба тафтиши  ин  воқеа  шурӯъ  намуданд. Табибон   ба  осебдидагон  кӯмаки  тиббӣ мерасонанд. Дар  байни  маҷрӯҳшудагон  шаҳрвандони  Австралия, Непал, Нидерландия  ва  Ҷопон  ҳастанд. Қайд  карда  мешавад, ки  шумораи  қурбониёни  ин  воқеаи  нохуш   бештар  гардида  метавонад, зеро  аҳволи  саломатии  бисёр  маҷрӯҳон  ниҳоят  вазнин  аст.        

Январь 3, 2009 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид