САДАМА ДАР НБО ҚАЙРОҚҚУМ
Душанбе, 16 январ. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- 14 январ бештар аз 30 фоизи аҳолии вилояти Суғд аз истифодаи қувваи барқ маҳрум гардид. Аз дафтари матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сабаби ин рух додани садама дар Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум мебошад. Ҳамон рӯз ба таҳхонаҳои нерӯгоҳ об даромад ва дар натиҷа баъзе агрегатҳо аз кор баромаданд. Тармими агрегатҳои нерӯгоҳ давом дорад. Дирӯз дар ин ҷо ду агрегат ба кор дароварда шуд. Аҳолии вилоят тадриҷан бо қувваи барқ таъмин карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






