САФАРИ РАҲМОНОВ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 январ дар деҳоти «Хаёти нав»-и шаҳри Ваҳдат мактаби нави №13 барои 624 талаба ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва Раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин иштирок намуда, ба истифода додани дабистони навро фоли неке аз рушди соҳаи маориф дар кишвар арзёбӣ карданд. Мактаби мазкур аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 828 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуд. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мактаби навро сохтмончиёни корхонаи дорои масъулияти маҳдуди «Шарқ»-и шаҳри Душанбе дар давоми ду сол сохта ба истифода доданд. Мактаб бо усули меъмории муосир сохта шуда, дорои синфхонаҳои кушоду барҳаво ва ихтисосӣ, толорҳои маҷлисию варзишӣ, ошхона ва дигар биноҳои зарурӣ мебошад. Мактаб бо мизу курсӣ ва дигар воситаҳои таълимии муосир ҷиҳозонида шудааст. 20 января в сельсовете «Хайёти Нав» города Вахдата было сдано в эксплуатацию новую школу №13 для 624 учеников. В церемоние открытие данного школа присуствовала зам Премьер- министр РТ Рукия Курбоновой, Министр образование








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






