«САФИНА» ДАР СОЛИ 2009 10 ФИЛМИ НАВ РӮИ НАВОР ОВАРДАНИСТ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тасмим гирифтааст, ки дар соли 2009 мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, на камтар аз 10 новеллаи телевизионӣ ба навор гирифта, пешкаши тамошобинон намояд, — қайд намуд Директори он Маҳмадсаид Пиров дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар ин муаасиса баргузор гардид. Дар нишаст, М. Пиров дар бораи натиҷаҳои соли гузашта маълумот дода, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи муассиса фаъол буда, 20 филми бадеӣ, 24 филми мустанади илмӣ-оммавӣ, 4 филми тасвириро тарҷума ва дубляж намуд. Дар дубляжи филмҳо журналистони худи муассиса низ ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин дар ин давра дар муассиса 4 филми бадеӣ таҳия гардид. Филмҳои «Қиссаҳои орзуҳои осмонӣ» ва «Афсонаҳои зиндагӣ», ки инъикосгари ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва тарғибгари инсондӯстию меҳанпарастӣ мебошанд, дар кинотеатрҳои пойтахт, як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Суғд намоиш дода шуданд.Банаворгирии филми «Пуштаи хандақпеч» аз рӯи асари ҳамноми Муҳаммад Ғоиб дар таҳияи коргардон Саид Қодирӣ дар арафаи анҷомёбист. Инчунин филми бадеӣ-телевизионӣ «Мӯза» дар таҳияи коргардон Юнус Юсуфов рӯзҳои наздик рӯи навор хоҳад омад. М. Пиров изҳор дошт, ки аз моҳи феврал муассиса ба наворгирии филми ҳуҷҷатро дар бораи Тоҷикистонии шурӯъ менамояд. Барои дар сатҳи баланд офаридани ин филм аз давлатҳои дигар режжисер-коргардонҳо даъват карда мешаванд. Мутаассифона, — қайд намуд директори «Телевизиони Сафина», барои офаридани филми мустанад ё телевизионӣ бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам, алҳол ягон сценария пешниҳод нашудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






