САФИРИ ЛИТВА АЗ МАЛОҚОТ БО САРВАРИ ДАВЛАТ ҚАНОАТМАНДӢ КАРД

Январь 26, 2009 13:24

                    Зимни вохӯрӣ бо Президент ки баъд аз супоридани эътимоднома сурат гирифт масоили мавриди тавваҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Манн хешро аз ҳамин рӯз эътиборан Сафири Литва дар Тоҷикистон мешуморам ва ин масъулияти бузургро бар дӯш мегирам. Ҳарчанд қароргоҳи сафорат дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст вале манн шуморо бовар мекунонам, ки зуд зуд меҳмони Шумо хоҳам шуд.  Асоси сӯҳбати мо ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Литва бахшида шуд ва дар ҳамин замина таъкид карда шуд, ки ин ҳамкориҳо бояд ба сатҳи зарурӣ бароварда шаванд. Айни замон метавон гуфт, ки гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Литва зиёда аз 100 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад. Литва ва Тоҷикистон имконият доранд, ки ҳамкориро дар бахши коркарди меваю сабзавот густурда ба роҳ монанд. Дар ин самт давлати мо дорои таҷрибаи бузург буда технологияи муосири соҳавӣ дорад. Ҳамзамон мо метавонем ба Тоҷикистон дар бахши содироти мол ба Аврупо таввасути бандарҳои кишвари худ аз ҷумла бандори машҳури Клайпед, ки дар он якбандӣ сурат намегирад, кӯмак расонем. Моҳи дар пешистода сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литва дар назар аст ва мо бовариӣ дорем, ки сафари мазкур дар сатҳи баланд сурат гирифта ба раванди вусъатёбии муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад.

Январь 26, 2009 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд